20210601_092557.jpg
Новости

ИСТИҚБОЛИ 1 ИЮН-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

20210601_092557.jpg Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ.

Ҳамасола 1 июн дар саросари олам ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешава. Рӯзи хифзи кӯдакон мохи ноябри соли 1949 бо қарори иҷлосияи Федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта буд. Аввалин Рузи байналмилалии ҳифзи кудакон соли 1950 дар 51 кишвари ҷаҳон таҷлил гардид.20210601_092749.jpg 20210601_100010.jpgКонвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак яке аз аввалин конвенсияҳое мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба тасвиб расонид ва ўҳдадориҳои ҳақиқии худро барои насли ҷавон ҳамчун ояндаи дурахшони кишвар нишон дод. Конвесия дар бораи ҳуқуқи кўдак воситаи асосиии байналмилалие ба шумор меравад, ки дар он тамоми ҳуқуқи кўдакон дарҷ гардидааст. Конвенсияи мазкур аз ҷониби Асамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар таърихи 20-уми ноябри соли 1989 қабул гардидааст ва қариб дар тамоми давлатҳои дунё ба тасвиб расидааст ва ин гувоҳӣ медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои кўдакон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсия дар бораи қуқуқҳои кўдакро соли 1993 ба тасвиб расонд ва ўҳдадориҳоро барои амалӣ намудани принсипҳои дар Конвенсия қайдшуда ба зимма гирифт. Тибқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак, ҳар як шахси аз 18 сола хурд кўдак ба шумор меравад. 20210601_094401.jpg   Бояд қайд намуд, ки дар тамоми дунё ба масъалаи тарзи ҳаётгузаронии кӯдак, аз ҷиҳати молиявӣ ба таври зарурӣ таъмин будани ӯ, фаро гирифта шудани кӯдакон ба таҳсил ва ғамхори ба онҳо, хамчун ба пояи асоси ояндасози миллат, аҳмияти ҷиддӣ дода мешавад. Ҳамасола ба ин муносибат чорабиниҳои идона дар сар то сари кишвар бо вохӯрӣ бо ҷавонон ва кӯдакони маъюб чашн гирифта мешавад.20210601_093914.jpg Ғамхориҳои имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҳимояи манфиатҳои кӯдакон, баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокӣ, инкишофи зеҳнӣ, тансиҳатии онҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки давлати мо барои ояндаи дурахшони худ пойдевори мустаҳкам гузошта истодааст.Таҷлили ин ҷашн ба хотире роҳандозӣ гардидааст, ки насли калонсол таваҷҷўҳи бештар ба кўдакон ва тақдири ояндаҳои онҳо дошта бошанд.20210601_093148.jpg Бо ташабусси роҳбари муассисаи МД “МҶТКТО” Устоди гиромиқадр, мӯҳтарам Раҷабзода С.Р ва кормандони марказ чунин тасмин гирифтаанд, ки баҳри хушболии ин дустрӯякон тӯҳфаҳои хотиравиро баҳрашон тақдим намоянд.20210601_095532.jpg

 

Оставить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *